Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегӯяд, ҷангиёни ин созмон идораҳои давлатии Қундузро тасарруф карда, ба сӯи фурудгоҳи шаҳр равон шудаанд. Мақомоти Қундуз ҳанӯз ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. Қаблан Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси вилояти Қундуз гуфт, ҷангиён беш аз нисфи шаҳр, бо шумули бемористон ва додгоҳро тасарруф ва ҳамчунин аз зиндони марказии Қундуз ҳудуди 500 маҳбусро раҳо кардаанд. Ҷангиён субҳи 28 сентябр ба ин шаҳр аз чанд самт ҳамла оварданд. Манотиқи қаблан ороми шимоли Афғонистон дар солҳои охир ба ташаннуҷи вазъ рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG