Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Идрисов ба иттиҳод алайҳи "ДИ"


Эрлан Идрисов
Эрлан Идрисов

Вазири хориҷаи Қазоқистон Эрлан Идрисов аз раҳбарони ҷаҳон хост, то дар набард алайҳи таҳдиде, ки созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба бор овардааст, аз як гиребон сар бароранд. Идрисов дар Ню-Йорк дар мусоҳиба бо Ассошиэйтед Пресс гуфт, Қазоқистон то ба ин авохир аз бунёдгароӣ ва ифротгароӣ масуният дошт, вале пешрафт ва шукуфоӣ дар зеҳни бархе сокинони ин кишвар эҷод шудани ақидаҳои “бемаънӣ”-ро осонтар кардааст. Идрисов гуфт, тақрибан 200 шаҳрванди Қазоқистон ҳоло дар Сурия меҷанганд. Ӯ аз Амрико, Чин, Русия ва Аврупо даъват кард, то ихтилофоти сиёсии худро канор гузошта, барои пешгирӣ аз тақвияти “Давлати исломӣ”, ки бахшҳои бузурге аз Ироқу Сурияро тасарруф кардааст, муттаҳид шаванд. Ӯ мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Русияву Амрико дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмами умумии СММ-ро, ки бояд рӯзи 28 сентябр доир шавад, имконе барои чунин иттиҳод номид.

XS
SM
MD
LG