Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон як қисми Қундузро тасарруф кардаанд


Қундуз дар рӯзи 28 сентябр
Қундуз дар рӯзи 28 сентябр

Ҳамдуллоҳ Донишӣ, муовини волии Қундуз гуфт, шаҳр феълан ду тақсим шудааст ва қисме дар дасти Толибон қарор дорад ва қисме дар дасти нирӯҳои давлатӣ. Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси вилояти Қундуз гуфт, ҷангиён беш аз нисфи шаҳр, бо шумули бемористон ва додгоҳро тасарруф ва ҳамчунин аз зиндони марказии Қундуз ҳудуди 500 маҳбусро раҳо кардаанд. Ҷангиён субҳи 28 сентябр ба ин шаҳр аз чанд самт ҳамла овардаанд ва аз маркази шаҳр садои тӯпу тир шунида мешавад. Ҳусайнӣ гуфт, “набардҳои сангин дар Хонобод, Чордара, Имом-Соҳиб ва дар дарвозаҳои асосии шаҳр идома доранд.” Ба гуфтаи ӯ, 20 ҷангии Толибон кушта ва се афсари пулис захмӣ шудаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба сокинони Қундуз тавсия додааст, ки берун набароянд. Манотиқи қаблан ороми шимоли Афғонистон дар солҳои охир ба ташаннуҷи вазъ рӯбарӯ шудаанд. Шаҳри Қундуз дар моҳи апрел низ шоҳиди даргириҳои пароканда бо Толибон шуда буд. Ҷангиён бахусус дар пайи анҷоми маъмурияти ҷангии НАТО дар Афғонистон фаъол шудаанд.

XS
SM
MD
LG