Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истеъфои сарвазири Черногория


Чанд ҳазор нафар дар Подгоритса, пойтахти Черногория бо талаби истеъфои ҳукумати сарвазир Мило Ҷуканович эътироз карданд. Мухолифин дар ин кишвари хурди Балкан то замони баргузории як интихоботи, ба гуфтаи онҳо, “воқеъӣ” истиқрори давраи гузаришро талаб доранд. Эътирозгарон рӯзи 27 сентябр дар назди парлумони Черногория гирд омада, “Истеъфо!” ва “Ҳамроҳ бо дуздон биравед!” гӯён шиор мезаданд. Раҳбарони мухолифин аз мардум хостанд, то замони истеъфои ҳукумат дар кӯчаҳо бимонанд. Ҳудуди 200 нафар дар майдон монданд ва баъзеи онҳо дар инҷо хайма ҳам задаанд. Ҷукановичи 53-сола аз оғози солҳои 90 дар меҳвари сиёсати Черногория қарор дорад. Ӯ дар соли 2012 барои бори сеюм сарвазир интихоб шуд. Черногория, ки соли 2006 аз Сербия ҷудо шуд, 630 000 аҳолӣ дорад. Ин кишвар ҳоло ба 20 фоиз сатҳи бекорӣ рӯбарӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG