Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон бо СММ вазъи Аралро баррасӣ кард


Абдулазиз Комилов

Абдулазиз Комилов

Абдулазиз Комилов-вазири корҳои хориҷаи Узбакистон дар Нию Йорк бо Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ ҳамкориҳои минтақаӣ дар Осиёи Миёна ва вазъи Баҳри Аралро баррасӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии СММ хабар додааст.

Комилов зимни суханронии худ дар иҷлоси Маҷмаи умумии СММ низ дар бораи вазъи Баҳри Арал изҳори ақида кард ва вазъи Аралро “дар таърихи навини зистмуҳитӣ бузургтарин фоҷеаи ҷаҳонӣ” номид.

Вай афзуд, тағири иқлим на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар минтақаҳои дигар натиҷаи мустақими хушкшавии Арал мебошад. Дар ҷойҳои хушкшудаи баҳр биёбонҳои намак пайдо шудаанд ва масоҳати он 5,5 миллион ҳекторро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Комилов, ҳар сол бештар аз 90 рӯз дар ин биёбон тӯфон зиёда аз 100 миллион тон намакро ба ҳазорон километр мебарад ва намунаҳои онро дар соҳилҳои Антарктида, дар яхбандони Гренландия, дар ҷангалҳои Норвегия ва дар ҷойҳои дигар пайдо кардаанд.

Коимлов гуфтааст, Узбакистон умед дорад, ки барномаи рафъи фоҷеаи Арал ва атрофи он ҳатман дар назар гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG