Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба интихоботи Қирғизистон ниҳоӣ шудааст


Таирбек Сарпашев-муовини аввали нахуствазири Қирғизистон, ки ҳамзамон раиси ситоди баргузории интихоботи порлмонии ин кишвар мебошад, хабар додааст, ки барои ширкат дар интихобот тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони қобили рай сабти ном шудаанд ва метавонанд дар райдиҳӣ ширкат кунанд. Интихобот охири ҳафтаи оянда, 4 октябр баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Сарпашев, шумораи ононе, ки аз рӯи шиносномаҳои биометрии худ ба феҳристи райдиҳандаҳо даромадаанд, аз шуморае, ки дар феҳристи пешини Кумиссиюни марказии интихобот вуҷуд дорад, бештар мебошад.

4 октябр дар саросари Қирғизистон 2374 қитъаи райдиҳӣ боз хоҳад шуд. Илова бар ин 34 қитъаи дигар барои шаҳрвандони Қирғизистон дар кишварҳои хориҷӣ барои райдиҳӣ омода шудаанд.

Дар қаламрави Русия дар бинои сафорат дар Маскав ва дар консулгариҳо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Екатеринбургу Новосибирск райдиҳӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар интихобот 14 ҳизби сисёсӣ барои 120 курсӣ дар порламон мубориза хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG