Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ бо вазирони Осиёи Миёна мулоқот кард


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Амрико ва 5 кишвари Осиёи Миёна, яъне Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақаиро муқаррар кардаанд. Ин чаҳорчӯба ё шакли нави ҳамкориҳо С5+1 (панҷ бар иловаи як) ном гирифтааст.

Дар ин бора Ҷон Кирбӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико баъд аз мулоқоти Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрико бо ҳамтоёни худ аз ин 5 кишвар хабар дод.

Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ дар мулоқоти Нию Йорк бо Ҷон Керрӣ ширкат дошт. Вай барои ширкат дар иҷлоси 70-ӯми Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк ба сар мебарад.

Кирбӣ гуфт, Ҷон Керрӣ бо вазирони кишварҳои Осиёи Миёна роҳҳои ҳамкории муштарак барои рафъи хатарҳои амниятӣ ва роҳҳои рушди иқтисодиро баррасӣ кардаанд. Гурӯҳи вазирони Осиёи Миёна бештар дар бораи таъсири вазъи Афғонистон ба амният дар Осиёи Миёна сӯҳбат кардаанд.

Вазири Амрико ва ҳамтоёни Осиёи Миёна дар бораи имкони баргузории баррасиҳои оянда дар чаҳочӯбаи С5+1 ё панҷ бар иловаи як ба тавофуқ расидаанд, ки он бар иловаи тамосҳои дуҷониба сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG