Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши қаввӣ дар назди бинои амнияти Одесса


Саҳнаи таркиш дар Одесса

Саҳнаи таркиш дар Одесса

Субҳи 27 сентябр дар назди бинои Хадамоти амнияти Украина дар Одесса таркиш ба амал омад. Бино ба хабари вазорати корҳои дохила, бинои хадамоти амният осеб дидааст.

Мавҷи таркиш шишаи тирезаҳоро дар хонаҳои атроф пора кардааст. Мошинҳоиатроф низ зарар дидаанд. Садои ин таркишро дар аксарияти маҳаллаҳои шаҳр шунидаанд.

Касе кушта ё осеб надидааст. Рӯзномаи «Украинская правда» навиштааст, ки афроди номаълум дастгоҳи таркандаро дар даромадгоҳи бино гузоштаанд.

Расонаҳои хабарии маҳаллӣ навиштаанд, ки ин таркиш қавитарин таркиш дар як соли охир дар Одесса будааст.

XS
SM
MD
LG