Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз Саъудӣ хостааст, ки бахшиш пурсад


Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон гуфтааст, ки Арабистони Саъудӣ бояд барои талотуми маргбор дар ҷараёни адои фаризаи ҳаҷ дар Мино бахшиш бипурсад.

Мақомоти расмии Саъудӣ мегӯянд, ки дар талотум ё лагадмоли 24 сентябр 769 нафар ҳалок ва бештар аз 900 нафар маҷруҳ шудаанд. Теҳрон мегӯяд, ки дар миёни кушташудагон 144 шаҳрванди Эрон низ ҳаст, вале сарнавишти 320 нафари дигар номаълум боқӣ мондааст.

Хоманеӣ гуфтааст, ки Арабистони Саъудӣ бояд масъулияти лагадмоли 24 сентябрро бар душ бигирад ва аз мусулмонону аз хонаводаҳои қурбониён бахшиш пурсад.

Ин суханон дар ҳоле пахш шудааст, ки як рӯз пеш Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон тақозо кард, то расидагӣ ба ин ҳодиса оғоз шавад. Иброҳим Раисӣ-додситони кулли Эрон гуфтааст, ки бар зидди хонаводаи шоҳи Саъудӣ барои ин “ҷиноят” ба додгоҳи байналмиллалӣ шикоят мебарад.

Одил Ҷубейр-вазири корҳои хориҷаи Саъудӣ Эронро муттаҳам кард, ки аз ин фоҷеа барои бозиҳои сисёсии худ истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG