Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Эрон аз Саъудӣ дар бораи ҳоҷиёни гумшуда


Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён

Эрон аз Арабистони Саъудӣ хостааст, ки 344 нафар эрониёнеро, ки баъд аз талотуми 24 сентябри водии Мино бедарак шудаанд, пайдо кунад.

Бино ба маълумоти Саид Уҳадӣ-раиси созмони ҳаҷи Эрон, 136 нафар кушта, 102 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. 26 сентябр телевизиони давлатии Эрон аз қавли Уҳадӣ гуфт, ки то ҳол 344 нафари дигар дар Мино бедараканд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён-муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки феҳристи ҳоҷиёни бедараки Эронро ба ҷониби Арабистони Саъудӣ супурдаанд.

Алӣ Ҷанатӣ-вазири фарҳанги Эрон дар садри як ҳайат ба Мино меравад, то бозгардонидани ҳоҷиёни ҳалокшударо раҳбарӣ кунад ва масъалаи ҳоҷиёни гумшударо бо ҷониби Саъудӣ баррасӣ намояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG