Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагони ҳаҷ 52 нафари дигар зиёд шуд


Арабистони Саъудӣ мегӯяд, 52 нафари дигар аз ҳоҷиёни ҷароҳатбардошта даргузаштаанд ва ба ин тартиб шумораи кушташудагон ба 769 нафар расидааст. Шумораи афроди маҷрӯҳ 934 нафар арзёбӣ мешавад.

24 сентябр ҳангоми адои фаризаи ҳаҷ дар водии Мино талотуме ба амал омад ва садҳо нафар зери по монда кушатву маҷруҳ шуданд. Ин бадтарин фоҷеа аз соли 1990 то ҳол мебошад. Он вақт низ дар чунин ҳолиса 1400 нафар ҷон бохта буданд.

Субҳи 26 сентябр шайх Абдулазиз ал Шайх-раҳбари мазҳабии Арабистони Саъудӣ гуфт, ин фоҷеа берун аз контроли инсонҳо будааст.

Шайх ба Муҳаммад Наиф бин Абдулазиз-шоҳзода ва вазири корҳои дохилаи ин кишвар гуфт: “Шумо барои он чӣ рух дод, масъул нестед. Барои коре, ки аз контроли инсон берун аст, шумо гунаҳе надоред”.

Салмон-шоҳи Арабистони Саъудӣ ва шайх Абдулазиз дастур додаанд, ки ба ин фоҷеаи маргбор расидагӣ сурат бигирад. Шоҳ Салмон ҳамчунин гуфт, ки вай дастур додааст, то баъд аз ин ҳодиса барномаҳои ҳаҷҷи солонаи ин кишвари шоҳигариро низ тафтиш кунанд.

XS
SM
MD
LG