Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 млн еврои Олмон деҳотиёни тоҷикро соҳиби хона мекунад?


Олмон барои дастрасии сокинони деҳоти Тоҷикистон ба манзил ва бунёди хонаҳо 8 миллион евро маблағи бебозгашт ҷудо кардааст. Аммо ин маблағ аз ҷониби бонкҳо дар Тоҷикистон бо фоизи то 28 дарсадӣ ба мардум пешниҳод мешавад.

Ба хотири кӯмак барои дастрасии сокинони рустонишини Тоҷикистон ба манзил ва мусоидат дар сохтмони хонаҳо Вазорати рушди иқтисоди Олмон ба Тоҷикистон 8 миллион евро, баробар ба ҳудуди 9 миллион доллар маблағи бебозгашт ихтисос додааст.

Аз номи Тоҷикистон ин маблағи грантиро Вазорати рушди иқтисод ва савдо дарёфт кардааст. Фаррух Файзуллозода, масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 25 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин 8 миллион евро дар доираи барномаи Рушди маблағгузории манзилӣ дар деҳот ба Тоҷикистон эъто шудааст.

Вай афзуд, ин маблағ тавассути Бонки Эсхата, ташкилотҳои хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, Арванд ва Ҳумо ба сокинони деҳот барои сохтмони манзил бо фоизи камтар ва муддати тӯлонӣ дода мешавад. Оқои Файзуллозода мегӯяд, 8 миллион еврои Олмон бо ҳадафи дастрасии бештари мардум ба манзил, чун қарзи бебозгашт тақдим шудааст, аммо ба хотири тамдиди фаъолияти ин лоиҳа онҳо маблағи мазкурро тибқи шартнома бо як фоизи муайян ба бонк ва ҳамин тавр ба мардум пешниҳод мекунанд: “Мо аз ҳисоби ин фоизҳо ин барномаро такроран метавонем амалӣ мекунем. Олмон ҳар сол ба мо грант дода наметавонад. Ба бонкҳо ин маблағ бо фоизи 8 -9 дарсадӣ дода мешавад”.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯяд, ин маблағро онҳо ба фарқ аз дигар манбаъҳо барои бонкҳо 20 дарсад арзонтар пешниҳод мекунанд. Аммо бонкҳое, ки масъулияти расонидани ин маблағ ба мардумро ба дӯш гирифтаанд, баҳраи онро то 28 дарсад барои як сол муайян кардаанд.

Бонки хурди молиявии Имон Интернейшнал, аллакай ба таври санҷишӣ 5 миллион сомонӣ аз ин маблағро дастрас кардааст ва он тавассути ин созмон бо фоизи 28 дарсадӣ ва гузоштани гарав пешниҳод мешавад. Равшан Солиев, масъули ин созмон мегӯяд, ин маблағҳо аслан бо чанд шарти муайян барояшон пешниҳод шудааст. Бонкҳое, ки ин маблағро дастрас мекунанд, набояд фоизи онро аз 28 дарсад боло баранд. Шарти дигар ҳам ин будааст, ки бонкҳо иловатан болои ин маблағ бояд 50 дар сади дигар аз ҳисоби худ ворид кардаву мардуми бештареро ба ин лоиҳа фаро гиранд.

Ба гуфтаи оқои Солиев, дар асоси лоиҳа, ба ҳар сокини рустонишин ва ниёзманди Тоҷикистон, то 150 ҳазор сомонӣ қарз дода мешавад. Вай мегӯяд, лоиҳаи “Рушди маблағгузории манзил” имконияти хубест барои мардуме, ки нақшаи бунёди хонаро доранд. Зеро ”бартарии аслӣ ин аст, ки қарз то 10 сол дода мешавад. Ва дар ҳоле, ки ҳоло фоизи миёнаи қарзҳо бо асъори милли 36-38 дар сад аст, пешниҳод шудани қарз бо фоизи 25-28 дар садӣ ин худ як иқдоми хуб аст барои мардуми камбизоат. Аслан маблағгузории манзилии дарозмудат як навъи қарзи хатарнок аст ва то имрӯз бонкҳо дар ин самт хеле кам маблағгузорӣ мекарданд.”

Равшан Солиев мегӯяд, ба ташкилоти қарздиҳии "Имон" муроҷиатҳо аз ҷониби сокинони рустонишини кишвар барои дарёфти қарзи дарозмуддат зиёд буд. Вале онҳо тавони пешниҳоди қарз то 10 солро надоштанд.

Дастрасӣ ба манзил ва бунёди он махсусан барои мардуми рустонишини Тоҷикистон як мушкили доғ аст. Аксарият бо он даромаде, ки доранд, наметавонанд ба танҳоӣ ва бидуни қарз барои худ хона бунёд кунад. Ба ин далел ҳам аксаран сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияву деҳоти кишвар солҳо тӯл кашида, бархе ҳам дигар аз беманзилӣ дар ин хонаҳои нотамом зиндагӣ мекунанд.

Роҳандозӣ шудани лоиҳаҳое мисли “Рушди маблағгузории манзил” ва ихтисос ёфтани 8 миллион евро аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон, аксар сокинони солҳо дар орзуи манзилро дар ин кишвар умедвор кард. Аммо маблағи иловагӣ ё фоидае, ки барои ин қарз бонкҳои дар Тоҷикистон талаб мекунанд, онҳоро аз тасмими қарзгирӣ бозмедорад.

Мусоҳибони мо мегӯянд, дар ҳоле, ки ҳукумат ин маблағро бидуни ягон фоиз дарёфт кардааст, метавонист ҳадди аққал онро бо фоизи камтар ба мардум пешниҳод кунад. 25-30 дар сад муайян шудани баҳраи бонкӣ ба гуфтаи аксар эҳтиёҷмандон, аз қарзҳои маъмулии бонкҳои Тоҷикистон зиёд фарқ надорад ва барои онҳо чандон дастрас ҳам нест.

Парвина Ҳалимова, ки зиндагии худ ва 5 фарзандро ба танҳоӣ пеш мебарад, мегӯяд, дар 15 соли фаъолияти омӯзгорӣ тавонист 13 ҳазор доллар ҷамъ овардаву манзили зисташро нопурра бунёд кардааст. Вай ки ҳоло иҷора менишинад, мегӯяд, “ҳоло ҳамин қадар маблағи дигар лозим аст, то сохтмони хонаро ба анҷом расонад. Зимистон дар пеш аст, агар ман болои хонаро напӯшонам, барфу борон ҳамаро хароб мекунад. Фикр кардам, ки рафта аз банк қарз гирам, аммо бо 500 сомонӣ омӯзгорӣ ва фоизе, ки талаб мешавад, аслан зӯрам намерасад.”

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, агар барои кӯмак ба онҳо қарзҳо имтиёзнок ё бо фоизи камтар пешниҳод мешуд, метавонистанд билохира сохтмони чандинсолаи хонаҳои худро анҷом диҳанд.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бонкҳо маъмулан ҳамагуна қарзро ба хотири вайрон накардани қоидаи “нонавишта”-и бозор бо ба назар гирифтани ҳисоби миёнаи фоида муайян мекунанд, ки дар натиҷа ҷаззобияти ин лоиҳаҳо камтар мешавад. Вай мегӯяд, агар ин қарзҳо бо услуби ипотекӣ пешниҳод мешуд, воқеан метавонист барои мардум сабукӣ орад. “Агар то як муддат фоиз ҳисоб намешуд, ва баъдан нисбатан дастрас пешниҳод шаванд, ин муассир буд.”

Аммо беҳтар мебуд ба гуфтаи Собир Вазиров, вазорати рушди иқтисод ва савдо ин маблағи грантиро тавассути на бонкҳо, балки барномаҳои вижа бевосита ба дасти мардум мерасонд. Зеро ба қавли ӯ, бонкҳо қоидаву қонунҳои вижаи худро доранд, ки ба манфиати мардум нест. Барои мисол, мардум бо гирифтани 150 ҳазор сомонӣ барои сохтмони манзил бо фоизи 28 дарсадӣ, ӯҳдадор мешавад ба бонк ҳар сол 42 ҳазор сомон фақат фоида супоранд

Зимнан, ин даври дуввуми иҷрои барномаи “Рушди маблағгузории манзили деҳот” аст, ки Олмон сармоягузорӣ мекунад. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Олмон барои иҷрои даври аввали ин барнома ҳам 8 миллион евро тахсис дода буд. Шеваи пешниҳоди ин маблағ барои мардум тавассути як гурӯҳи махсус, ки аз ҷониби Вазорати иқтисод таъсис ёфтааст назорат мешавад.

XS
SM
MD
LG