Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Баҳрайн ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Бино ба хабарҳои матбуотӣ, Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 70-ӯми Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк бо шайх Холид бин Аҳмад бин Муҳаммад ал Халифа-вазири корҳои хориҷаи Баҳрайн мулоқот кард.

Бо назардошти вазъи байналмиллалӣ ва вазъи минтақа ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои миёни ҳар ду кишварро баррасӣ кардаанд. Шайх Холид дар бораи иртибототи рузафзуни Тоҷикистону Байрайн изҳори ақида кардааст ва гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳам мехоҳад ҳамкориро бо Баҳрайн дар оянда густариш диҳад.

Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси 70-ӯми Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк қарор дорад.

XS
SM
MD
LG