Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои 27-28 сентябр моҳ бузургтару "хунолуд" мешавад


Моҳи маъмулӣ
Моҳи маъмулӣ

Нозирони ҷирмҳои осмонӣ мегӯянд, рӯзҳои 27 ва 28 сентябр сояи сайёраи Замин ба моҳ меафтад ва моҳ сурхранг мешавад, ки онро маъмулан “моҳи хунин” мегӯянд.

Чунин пешомад танҳо дар 20 ё 30 сол як бор мушоҳида мешавад ва дар натиҷаи ин пешомади нодир моҳ сурхи тира мешавад. Ин дар даврае рух медиҳад, ки моҳ ба сайёраи Замин наздик мешавад ва нисбат ба вақтҳои маъмулӣ моҳ бузургтару рӯшантар ба назар мерасад.

Агар осмон дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ва дар Аврупову Африқо ва дар қисматҳои ғарбии Осиё соф бошад, гирифтани моҳро мушоҳида кардан мумкин аст.

NASA ё Созмони милли фазонавардии Амрикомегӯяд, “моҳи хунин”-ро 30 сели пеш мушоҳида карда будаанд ва дар оянда “моҳи хунин”-ро дар соли 2033 хоҳанд дид.

Бештар аз як соат сайёраи Замин ба моҳ соя хоҳад афканд ва дар ин муддат Сайёраи замин аз байни офтобу моҳтоб хоҳад гузашт. Дар ин муддат ранги сафеди моҳ тадриҷан ба ранги сурх табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG