Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия барои тахриби гӯрҳо дар Полша эътироз кард


 Катаржина Пелчинска–Наленч

Катаржина Пелчинска–Наленч

Баъд аз хароб кардани гӯрҳои сарбозони Иттиҳоди Шӯравии пешин дар яке аз деҳоти Полша, вазорати корҳои хориҷаи Русия сафири Полша дар Маскавро ба вазорат эҳзор кард. Вазорати хориҷаи худи Полша низ ин корро маҳкум намудааст.

Ин кор дар ҳоле рух додааст, ки як ҳафта пеш аз сафири Полша Катаржина Пелчинска –Наленч дар Маскав хоста шуд, то дар бораи бардоштани пайкараи даврони Шӯравӣ дар Полша тавзеҳот диҳад.

Ҳоло вазорати хориҷаи Русия хостааст, ки ҳар чӣ зудтар ононеро пайдо кунанд ва ба муҷозот кашанд, ки дар тахриби 57 қабр дар қабристони Милейежитсе даст доранд. Маълум нест, ки ин қабрҳоро кай хароб кардаанд.

Вазорати Русия гуфтааст: “Ин тасаввур ба вуҷуд меояд, ки гӯё тахриби ҷойҳои ёдгории мо то ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст”.

XS
SM
MD
LG