Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии кулли Швейтсария рӯзи 25 сентябр гуфт, Йозеф Блаттер, президенти ФИФА – Иттиҳодияи федеросиюнҳои футболи ҷаҳон – бо иттиҳоми сӯимудирияти ҷиноятомез ва сирқат таҳти тафтиши ҷиноӣ қарор дорад. Блаттер дар пайи нишасти кумитаи иҷроияи ФИФА дар Сюрих бозпурсӣ шудааст. Ҳамчунин дар дафтарҳои ФИФА кофтукоб сурат гирифтааст. Аз дафтари Блаттер, бино ба гузориши додситонӣ, як идда маводу аснод мусодира шудааст. Хабари тафтиш замоне расид, ки ФИФА ҳамагӣ чанд дақиқа қабл аз оғозаш нишасти хабарӣ бо ширкати Йозеф Блаттерро лағв кард. Блаттер чанд сол боз ба фасод айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG