Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди созмонҳои имдодӣ аз ҷудоиталабон


Созмонҳои имдодӣ ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русияро барои пеш кардани ин созмонҳо аз шарқи Украина шадидан ба интиқод кашида гуфтанд, ин иқдом мардуми мулкиро дар ин минтақаи низоъзада дар пешорӯи зимистон дар вазъи боз ҳам мушкилтаре мегузорад. Барт Янсенс, раҳбари “Табибони бидуни марз”, марказаш дар Женева, яке аз 10 созмоне, ки ҳадафи ҷудоиталабон дар вилояти Луҳанск қарор гирифтаанд, рӯзи 25 сентябр дар баёнияаш гуфт, ин тасмим ироаи ёриҳои тиббиву башарӣ ба мардумро дар Луҳанск ғайримумкин мегардонад.”

Раҳбари барномаҳои башарии СММ Стивен ОБрайен қаблан гуфт, “мақомоти де-факто”-и вилояти ҷудоиталаби Луҳанск дар шарқи Украина аз идораҳои СММ хостаанд, то ин минтақаро то 26 сентябр тарк кунанд. ОБрайен гуфт, фаъолиятҳои СММ дар Донетск, ки низ таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, мутаваққиф шудааст.

XS
SM
MD
LG