Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,5 миллион нафар дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия


ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – рӯзи 25 сентябр гуфт, то имрӯз 1,5 миллион аз атбои кишварҳои хориҷиро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардааст. Хориҷиёни гунаҳкор дар қоидаҳои кору иқомат дар Русияро барои 3, 5 ё 10 сол аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум карда мешаванд, вале онҳое, ки аз боздоштгоҳҳои ФМС фирор мекунанд, метавонанд умрбод ҳаққи сафар ба Русияро аз даст бидиҳанд. ФМС мегӯяд, дар соли 2014 беш аз 500 нафарро барои умрбод мамнӯъулвуруд кардааст. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки шумори муҳоҷирони тоҷики аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда ба 300 ҳазор нафар мерасад. Душанбе қаблан аз Маскав афви ин муҳоҷиронро дархост карда буд.

XS
SM
MD
LG