Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон Саудиро масъули фоҷиаи Мино номид


Эрон мегӯяд, дар талотуми зоирон дар маросими Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ дастикам 131 зоири эронӣ ҳам ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи мақомоти Саудӣ, рӯзи 24 сентябр бар асари болои ҳам фурӯ рехтани издиҳом дар водии Мино дар наздикии шаҳри Макка дастикам 717 зоир ҳалок ва 805 тани дигар захмӣ шуданд. Саид Уҳодӣ, раҳбари созмони Ҳаҷҷи Эрон ба оҷонсии ИРНО гуфт, шумори қурбониён аз Эрон шояд бештар ҳам бошад. Ба гуфтаи ӯ, 60 эронии дигар дар ин фоҷиа ҷароҳат бардоштаанд. Раҳбарони Эрон, бо шумули оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ мақомоти Саудиро ба ноӯҳдабароӣ дар амри ҷилавгирӣ аз марги издиҳом айбдор карданд. Хоманаӣ гуфт, давлати Саудӣ бояд масъулияти сангини ин фоҷиаро бар дӯш бигирад. Вазири тандурустии Саудӣ Холид Фалиҳ гуфт, иллати талотум зоироне шуданд, ки ҷадвали замонии ҳаракатро риоя накарданд. Имсол ҳудуди 2 миллион нафар барои адои фарзи Ҳаҷ ба Маккаву Мадина омадаанд. Кумитаи дини Тоҷикистон қаблан гуфт, дар фоҷиаи водии Мино касе аз 6300 зоири тоҷик осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG