Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси ду ҷангии "Давлати исломӣ" дар Маскав


Russia -- Kazakh citizen Ilya Pyanzin accused of preparing an assassination attempt against Vladimir Putin, in a Moscow court, October 22, 2012
Russia -- Kazakh citizen Ilya Pyanzin accused of preparing an assassination attempt against Vladimir Putin, in a Moscow court, October 22, 2012

Додгоҳи Маскав ҳукми ҳабси ду ҷангии эҳтимолии созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро содир кард. Сухангӯи додгоҳи минтақаи Лефортово рӯзи 25 сентябр гуфт, Ахмед Амирхонов ва Карим Хатиев – ҳарду шаҳрвандони Русия – то 23 ноябр дар ҳабс хоҳанд монд. Онҳо ба ширкат дар фаъолиятҳои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ айбдор мешаванд. Қонуни ҷиноии Русия барои чунин ҷиноят то 10 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Тафтишот мегӯяд, ин ду мард дар Сурия дар сафи “Давлати исломӣ” меҷангиданд. Онҳоро рӯзи 23 сентябр дар Маскав дастгир карданд. Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ҳафтае пеш шумори шаҳрвандони Русия дар сафи “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқро ҳудуди 2400 нафар ва теъдоди ҷангиён аз Осиёи Марказиро то 3000 гуфта буд.

XS
SM
MD
LG