Пайвандҳои дастрасӣ

Оё ба волидайни Икромзода $10 млн зарар пардохта мешавад?


Дар пайи эътирози Додгоҳии Олии Тоҷикистон, даъвои волидайни Ҳамза Икромзода, ки тобистони соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расида буд, аз сари нав баррасӣ мешавад.

Қарор аст, баррасии қазияи Ҳамза Икромзода, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки ду се сол қабл дар зиндони шумораи якуми пойтахт ба ҳалокат расида буд, 2 октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба раёсати Ҳотамшо Раҷабов, дораси ин додгоҳ, доир шавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои волидони Ҳамза Икромзода, рӯзи ҷумъаи 25 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раёсати Додгоҳии Олии Тоҷикистон ба ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ аз таърихи 16 декабри соли 2013 дар мавриди рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 10 миллион доллар аз Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо ва вазорати адлия эътироз оварда ва онро бекор кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, Раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни бекор кардани ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ, баррасии даъвои волидайни Ҳамзам Икромзодаро барои баррасии дигарбора ба ҳамин додгоҳ ирсол кард ва талаб намудааст, ки қазия мунсифона ва дар чорчӯби талаботи қонун баррасӣ шавад.

Зеро ба иттилои ҷаноби Ёров, додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ҳудуди ду соли пеш талаби волидайни Ҳамзам Икромзодаро барои рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 10 миллион доллар аз Сарраёсати ислоҳии маҳбасҳо ва вазорати адлия вобаста ба қатли фарзандашон дар маҳбаси рақами 1, рад карда буд.

Файзали Икромзода, падари Ҳамза Икромзода, аз тасмими Раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли ҷорӣ содир шудааст, истиқбол кард ва дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳарчанд Додгоҳи Олии Тоҷикистон қариб ду сол баъд ба ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ расидагӣ кард, аммо он мунсифона ва одилона аст. Иқдоми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба маънии ҳанӯз ҳам вуҷуд доштани волоияти қонун ва адолати судӣ мебошад.”

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои волидайни Ҳамзам Икромзода, мегӯяд, “Додситонии кулли Тоҷикистон низ аз тасмими Додгоҳи Олӣ дар заминаи бекор кардани ҳалномаи додгоҳи Исмоили Сомонӣ пушбидонӣ карда ва онро қонунӣ донистааст. Дар тасмими Раёсати Додгоҳии Олии Тоҷикистон омадааст, ки вазифаи сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ ин ислоҳи маҳкумшудаҳо буда ва нисбати маҳкумшуда шиканҷаро раво дидан умуман манъ аст”.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вакили дифоъ умедвор аст, ки ин маротиб додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар нисбати даъвои волидайни Ҳамза Икромзода, “ҳақро ба ҳақдор” мерасонад.

Зимнан, Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд.

Дар пайи расонаӣ шудани ин қазия, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо зиндониҳои маҳбаси рақами як аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол дода шуданд ва декабри соли 2012 дар расонаҳои хабарӣ наворҳои видеоии осори латукӯби шадиди шоҳидони эҳтимолии марги Икромзода дар зиндон пахш шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.

XS
SM
MD
LG