Пайвандҳои дастрасӣ

Гузаргоҳҳои марзии «Торугарт» ва «Иркештам» дар марзи давлатии миёни Қирғизистон ва Чин муваққатан аз 1 то 7 октябр баста мешаванд. Гузаргоҳҳо аз 8 октябр дубора фаъол мешаванд, хабар доданд дар маркази матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои ин ниҳод, марзи давлатӣ бо дархости тарафи Чин вобаста ба таҷлили Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин баста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин гузаргоҳҳо феълан низ ба сурати муваққат аз 24 то 28 сентябр баста шудаанд.

Ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонӣ, ин дафъа низ марз бо дархости ҷониби Чин ба манзури таҷлил аз Иди Қурбон ва ҷашни миллии “Миёнаи тирамоҳ”-и Чин баста шудааст.

XS
SM
MD
LG