Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Ман подшоҳ нестам


Наққошии Путин дар либоси подшоҳи Русия
Наққошии Путин дар либоси подшоҳи Русия

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии CBS News гуфт, амрикоиҳо набояд ӯро “подшоҳ”-и худкома фикр кунанд. Журналист Чарли Роуз аз Путин пурсид, ба инки ӯро ба “подшоҳ”-и тоинқилобии Русия ташбеҳ мекунанд, чӣ назар дорад? Путин гуфт, “ин барои ман нест. Муҳим ин нест, ки маро чӣ ном мебаранд, чӣ ҳаводорону дӯстон ва чӣ мухолифони сиёсӣ.” Ӯ дар ин мусоҳиба, ки дар арафаи суханрониаш дар Маҷмаи кулли СМ анҷом шуд ва шакли пурраш бояд рӯзи 27 сентябр нашр шавад, гуфт, дар мавриди Амрико бештар аз ҳама ба “эҷодкорӣ” ва “боз будан”-и онҳо арҷ мегузорад. Ин сӯҳбат дар ҳолест, ки Амрикову Русия як давраи пуртанишеро дар равобити худ сипарӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG