Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Русияро таҳдиди асосӣ мешуморад


Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар доктринаи низомии ҷадиди кишвараш Русияро таҳдиди низомии асосӣ барои Украина номид. Ин доктрина аз сӯи Порошенко рӯзи 24 сентябр имзо шуд. Киев ва Ғарб Русия ба ҳимояти рӯирости ҷудоиталабони шарқи Украина айбдор мекунанд. Маскав инро рад мекунад. Дар баёнияи нашршуда дар сомонаи президенти Украина гуфта мешавад, ки “доктрина ҳамчунин сенарияҳоеро, ки ба амнияти Украина хатар меоранд, матраҳ мекунад. Сенарияи асосӣ ҳамлаи мусаллаҳонаи густардаи Русия алайҳи Украина бо аҳдофи қотеи низомиву сиёсист.” Русия дар доктринаи нави низомиаш, ки моҳи декабри соли 2014 нашр шуд, густариши НАТО-ро таҳдиди умда барои худ ном бурда буд.

XS
SM
MD
LG