Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Путин вомехӯрад, бо Рӯҳонӣ - не


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳафтаи оянда дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот мекунад. Кохи Сафед гуфт, Обама ҳамчунин бо раисиҷумҳури Ҳинд Норендра Модӣ мулоқот карда, талош меварзад, то як сӯҳбати кӯтоҳе бо раҳбари Куба Раул Кастро ҳам дошта бошад. Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ва сарвазири ба тозагӣ аз нав интихобшудаи Юнон Алексис Сипрас аз ҷумлаи дигар раҳбарони ҷаҳонанд, ки дар пайи мулоқот бо Обама дар ҳошияи Маҷмаи кулли СММ мебошанд. Аммо Кохи Сафед мегӯяд, дидор бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасанӣ Рӯҳонӣ дар ҷадвали мулоқотҳои Обама нест. Ду сол пеш дар иҷлоси Маҷмаи кулл дар Ню-Йорк Обама ва Рӯҳонӣ дасти ҳамдигарро фишурданд. Вале иҷлоси имсола нахустин шонси дидори онҳо баъд аз муомилаи рӯзи 14 июл дар баҳси давомдори барномаҳои ҳастаии Эрон аст.

XS
SM
MD
LG