Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти газ байни Русияву Украина ва Аврупо


Вазири энержии Русия Александр Новак гуфт, Русия, Украина ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 25 сентябр дар Брюссел музокирот ҷиҳати барқарор кардани содироти гази Русия ба Украинаро аз сар мегиранд. Маскаву Киев аз замони барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович дар феврали соли 2014 бар сари масъалаи газ мушкил доранд. Дар моҳи июл, ширкати “Газпром”-и Русия дар пайи нокомии музокироти Маскаву Киев содироти газ ба Украинаро қатъ кард. Дар ҳафтаҳои охир бо наздик омадани фасли сармо, ки эҳтиёҷи Украина ва Аврупо ба газ бештар мешавад, талошҳои нав ҷиҳати шурӯи дигарбораи ин музокирот ба назар мерасад. Захираҳои гази Украина дар пайи тасмими “Газпром” хеле коҳиш ёфтаанд. Рӯзи 11 сентябр мақомоти Русияву Иттиҳодияи Аврупо зоҳиран ба муомилае ҷиҳати хатми баҳси газ даст ёфтанд. Бар асоси он, Иттиҳодияи Аврупо ба Украина барои харидории гази Русия 500 миллион доллар медиҳад, то захираҳояшро пур карда, транзити бемамониати гази Русия ба Аврупоро замонат бидиҳад.

XS
SM
MD
LG