Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Малола ба таҳсили бепули 12-сола


Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай рӯзи 25 ноябр нишасти раҳбарони ҷаҳон дар СММ-ро бо даъват ба таъмини таҳсили бепули 12-сола барои тамоми кӯдакон оғоз мекунад. Ба дунболи ӯ дар ин нишаст попи Рум Франсиск бо айни даъват суханронӣ дорад. Малола, ки дар соли 2012 ба далели ҳимоят аз ҳаққи духтарон ба таҳсил дар зодгоҳаш – Покистон – ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон қарор гирифта буд, ба хабаргузории Ройтерс гуфт, “ман умедворам, ки раҳбарони ҷаҳон орзуҳоеро, ки барои фарзандони худ доранд, аз боқӣ кӯдакони дунё ҳам дареғ нахоҳанд дошт.” Малола, ки моҳи июл 18-солагирашро бо гушоиши мактабе барои духтарони паноҳҷӯи суриягӣ дар Лубнон ҷашн гирифт, таҳсилро калиди шукуфоии дунё номид ва гуфт, барои таъмини таҳсили тамоми атфоли дунё ҳамагӣ 39 миллиард доллар лозим аст. Маблағе, ки ба ҳисоби Малола, баробари хароҷоти низомии ҳаштрӯзаи кишварҳост.

XS
SM
MD
LG