Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоиталабон СММ-ро аз Луҳанск пеш мекунанд


Стивен ОБрайен

Стивен ОБрайен

Раҳбари барномаҳои башарии СММ гуфт, “мақомоти де-факто”-и вилояти ҷудоиталаби Луҳанск дар шарқи Украина аз идораҳои СММ хостаанд, то ин минтақаро тарк кунанд. Стивен ОБрайен гуфт, ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ба муассисаҳои СММ ва чанд созмони ҳифзи сиҳҳат амр додаанд, ки амалиётҳои худро қатъ ва то поёни ҳафта Луҳанскро тарк кунанд. ОБрайен аз ҷудоиталабони Луҳанск хост, то ин тасмими худро бозбинӣ кунанд. Ин мақоми СММ гуфт, ба далели иқдомоти ҷудоиталабон, аз ҷумла талаби ҳатмии сабти номи созмонҳои имдодӣ дар шарқи Украина, ҳудуди 16 000 тонна ёриҳои башарӣ ба ниёзмандон нарасид ва бемористонҳои маҳаллӣ ба иллати камбуди анастезия тавони анҷоми ҷарроҳиҳоро надоранд. ОБрайен гуфт, фаъолиятҳои СММ дар Донетск ва дигар шаҳрҳои бузурги таҳти назорати ҷудоиталабон дар шарқи Украина низ таҳти хатар қарор доранд.

XS
SM
MD
LG