Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти язидиҳо ба Додгоҳи Ҳейг


Язидиҳои Ироқ

Язидиҳои Ироқ

Язидиҳои Ироқ, як ақалияти мазҳабӣ, ки ҳадафи пайвастаи бархӯрдҳои бераҳмонаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад, рӯзи 24 сентябр аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Ҳейги Ҳолланд хостаанд, то мавридҳои наслкушӣ(геносид) ва ғуломдории шаҳвонӣ аз сӯи ин гурӯҳи ҷангиро таҳқиқ кунад. Мурод Исмоил, раҳбари созмони ҳуқуқи башари “Яздо” гуфт, ду гурӯҳи язидиҳо бо кумаки ҳукумати Курдистони Ироқ дар санади ба додгоҳи Ҳейг ироакардаашон иддао доранд, ки “бераҳмиҳои пайваста ба геносид рабт доранд ва чунин ҷиноятҳо марбут ба салоҳияти додгоҳи байналмилалианд.” Дар ин аснод аз ҷумла қатли беш аз 700 тан аз мардони язидӣ, таҷовуз ба номус ва ба ғуломӣ бурдани ҳазорон зан ва зӯран рабудани фарзандони онҳо, ки ба пазируфтани дини Ислом ва ҷангидан дар сафи “Давлати исломӣ” маҷбурашон мекунанд, баршумурда шудаанд. “Давлати исломӣ” ошкоро гуфтааст, ки мехоҳад мазҳаби язидиро ҳамчун “куфр” аз байн бибарад. Язидиҳо ба Худои ягона эътиқод доранд ва мазҳаби онҳо бештар аз суннатҳои қадимаи Эрон бармеояд, то аз матнҳои китобиии динҳои яҳудӣ, масеҳӣ ё исломӣ.

XS
SM
MD
LG