Пайвандҳои дастрасӣ

Роналдо ва Месси - дар 10-гонаи бойтаринҳо


Месси ва Роналдо дар майдон

Месси ва Роналдо дар майдон

Голфбози амрикоӣ Тайгер Вудс бо 845 миллион доллар дар рӯйхати пурдаромадтарин варзишгарони 10 соли охир ҷои аввалро гирифтааст. Муштзани низ амрикоӣ Флойд Мейвезер бо 660 миллион ҷои дувум ва ситораи басткетболи Амрико Коб Брайант бо 475 миллион доллари 10 соли охираш дар ин раддабандии маҷаллаи Forbes дар ҷои сеюманд. Дар даҳгонаи аввал ҳамчунин баскетболбоз ЛеБрон Ҷеймс бо 472 миллион, голфбоз Фил Микелсон бо 468 миллион, теннисбоз Роҷер Федерер бо 455 миллион, боксёр Менни Пакуао бо 432 миллион ва се ситораи футбол – Девид Бекҳем(441 миллион), Кристиано Роналдо (407 миллион) ва Лионел Месси бо 350 миллион доллар даромад роҳ ёфтаанд. Теннисбози рус танҳо зани варзишкор аст, ки ба бистгонаи пурдаромадтарин варзишкорони даҳаи ахир роҳ ёфта, бо 250 миллион доллар дар ин рӯйхати Forbes дар ҷои 18-ум меояд. Дар маҷмӯъ, ин бистгона, бино ба ҳисоби Forbes, дар 10 соли охир 7,7 миллиард доллар даромад доштаанд, ки қариб баробари ҳаҷми яксолаи иқтисоди Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG