Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Бонки Миллӣ барои ироаи кӯмаки фаннӣ


Бонки Миллии Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалии молӣ барои иҷрои стартегияи беҳбуди фаъолияти молиявии ин бонк дархости кӯмаки фаннӣ кард. Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 25 сентябр, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “стратегияи беҳбуди фаъолияти молиявии Бонки Миллӣ ба созмонҳои байналмилалӣ дар мулоқоти раҳбарияти бонк бо масъулони ин созмонҳо матраҳ ва ироа гардид”.

Ба таъкиди ин масъулон, раҳбарияти Бонки Миллӣ зимни муаррифии стратегияи нав, ба зарурати кӯмаки фаннӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молӣ таъкид карданд. Дар ҳамин ҳол, масъулони созмонҳои байналмилалӣ низ омодагии ин созмонҳоро барои ироаи кӯмаки техникӣ ба Бонки Миллии Тоҷикистон эълом карданд. Интизор меравад, дар ояндаи наздик мулоқоти масъулони намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии молӣ бо раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон баргузор гардад, ки мавзӯи ироаи кӯмаки фаннӣ ба ин бонк матраҳ хоҳад шуд.

Дархости кӯмаки фаннӣ аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки тобистони соли ҷорӣ ин бонк ба ислоҳоти сохторӣ даст зад ва ҳудуди 200 кормандашро ихтисор кард. Ба таъкиди масъулони Бонки миллӣ, ин амр дар паи ихтисори кадрҳо сурат мегирад ва аз 1 сентябри соли равон бо 492 корманд дар дастгоҳи марказӣ ва 306 корманд дар шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шурӯъ намуд. Масъулони бонк гуфта буданд, ки ҳангоми таҳияи сохтори нав «принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ истифода мешаванд. Аз ҷумлаи ин меъёрҳо оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, самаранокии сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрди манфиатҳо, роҳ надодан ба такрори вазифаҳо, пешгирӣ аз фасод тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон бар асоси фаъолияти онҳо номбар шудаанд”.

Бонкдорони собиқадор мегӯянд, паёмадҳои бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии пули миллӣ дар чанд моҳи охир Бонки миллиро ногузир ба анҷоми ислоҳотҳо қарор дод.

XS
SM
MD
LG