Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15,5 сол ҳукми афсари пулис барои қочоқи ҳероин


Муовини собиқи раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Оренбурги Русия Равэл Тавтилев бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 15,5 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи вилоятӣ рӯзи 23 сентябр бо судури ҳукми Тавтилев гуфт, ин мақоми дар гузашта баландпояи ФСКН – Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия дар соли 2012 бо ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон бародарон Ҷумъаевҳо 2,5 кило ҳероинро ба таври қочоқӣ аз тариқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Русия меорад. Ба гуфтаи тафтишот, Тавтилев мехост ин борро “мусодира” карда, натиҷаҳои идораашро баланд нишон диҳад. Вале мошине, ки ин миқдор ҳероин дар он ҷобаҷо шуда буд, ҳанӯз то “соҳиб”-аш норасида, дар шоҳроҳи Оренбург –Уфа аз сӯи маъмурони ФСБ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG