Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати корманди пулиси Ӯзбекистон дар пахтачинӣ


20 сентябр корманди 25-солаи Раёсати милитсияи вилояти Тошканд Анвар Абдуллоев дар як садамаи нақлиётӣ ҳангоми бозгашт аз ҷамъоварии пахта ҷон дод. Ин ҳодиса дар пайи бархурди мошини навъи «Матиз», ки дар дохили он ин маъмури ҷавони милитсия қарор дошт, бо аробаи трактор, ки пахтаи ҷамъшударо мебурд, сурат гирифтааст. Ронандаи мошин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Корманди шӯъбаи кадрҳои Раёсати корҳои дохилаи вилояти Тошканд нозири гурӯҳи чинакчиёни пахта дар хоҷагии фермерии «Маданият» дар ноҳияи Яккақурғон буд. Шаби фоҷиа вай бо мошини «Матиз» аз хидмати интизомӣ ба хонааш бармегашт.

Бояд гуфт, ки мақомоти ӯзбек ҳамасола милитсияро масъули назорат бар чиниши ҳосил таъйин мекунад.

Ҳамасола дар пахтазорҳои ин кишвар даҳҳо нафар кушта мешаванд. Аммо расонаҳои «ҳукуматӣ» дар ин бора чизе наменависанд

XS
SM
MD
LG