Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ корманди пулиси Чин дар Шинҷон кушта шуданд


Дар пайи ҳамлаи ҷудоихоҳони уйғур ба кони ангишти вилояти ғарбтарини Чин -- Шинҷон камаш панҷ корманди пулис кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳукумати маҳаллӣ изҳор дошт, ки «ҳамлаи густардаи ҷудоихоҳон ба пулис ва аҳолии мулкӣ хуб тарҳрезишуда буд».

Радио Осиёи Озод хабар дод, ки дар моҳи июн зимни ҳамлаи уйғуриҳои таҳҷоӣ ба маъмурони пулиси гузаргоҳи марзӣ дар шаҳри Қошғар камаш 18 нафар кушта шуданд.

Мақомоти чинӣ ҷагҷӯёни исломиро дар ҳамлаҳои террористӣ айбдор мекунанд. Гурӯҳҳои муҳоҷири уйғурӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки ин бетартибиҳо дар пайи сиёсати хушунатомези Чин барои назорати шадид бар маросимҳои исломӣ ва фарҳанги уйғурӣ дар Шинҷон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG