Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасбулатов муовини раиси маҷлиси Қазоқистон интихоб шуд


Абай Тасбулатов муовини раиси маҷлис, палатаи поёнии порламони Қазоқистон интихоб шуд. Номзадии вай аз сӯйи раиси маҷлис Кабибулло Ҷакупов пешниҳод гардид. Ба навиштаи хабаргузориҳо, вакилон дастъҷамъона аз он ҷонибдорӣ карданд.

Вазифаи муовини раиси маҷлис баъд аз таъйини Дарига Назарбоева ба мақом муовини нахуствазири Қазоқистон озод шуда буд.

Тасбулатови 64-сола дар интихоботи соли 2012 тибқи рӯйхати ҳизбии «Нур Отан» вориди порлумон шуд. Абай Тасбулатов дар Қазоқистон ҳамчун як чеҳраи низомӣ шинохта мешавад. Дар гузашта дар вазифаҳои муовини вазири дифои Қазоқистон ва фармондеҳи гвардияи Ҷумҳурӣ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG