Пайвандҳои дастрасӣ

25 кушта дар масҷиди Ҳусиҳо дар Санъои Яман


Инфиҷор дар масҷиди Санъо, 24 сентябр

Инфиҷор дар масҷиди Санъо, 24 сентябр

Дар бамгузории интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шиа дар рӯзи Иди Қурбон дар шаҳри Санъои Яман тақрибан 25 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Шоҳидон мегӯянд, ин бам 24 сентябр замоне дар дохили масҷиди Балилӣ таркид, ки пееш аз он бами диггар дар назди даромадгоҳ таркид ва ҳама аз дохили масҷид ба берун фирор мекарданд.

Ин масҷид ба Ҳусиҳо тааллуқ дорад. Ҳоло онҳо назорат бар шаҳри Санъоро дар ихтиёр доранд. Ҳусиҳо аз аввали сол то ҳол дар пойтахт ва қисматҳои дигари Яман бо сарбозони ҳукуматӣ ва эътилофи зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ ҷангҳоро идомамедиҳанд.

Масъулияти бамгузориро нируе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG