Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як гурӯҳи ҷангиёни хориҷӣ ба Ал-Қоида пайвастанд


Аъзои Ҷабҳаи Нусра дар Сурия

Аъзои Ҷабҳаи Нусра дар Сурия

Як гурӯҳи иборат аз 1500 нафар шаҳрвандони Чеченистону Узбакистон ва Тоҷикистон дар Сурия вафодории худро ба шохаи Ҷабҳаи Нусраи Ал-Қоида эълон кардаанд.

Дар ин бора созмони Нозирони Сурия барои ҳуқуқи башар, марказаш дар Лондон 23 сентябр аз қавли Ҷайш ал-Муҳоҷирин вал Ансор ё Бригадаи Муҳоҷирин дар интернет изҳороте пахш кард.

Пайвастани ҷангиён ба Ҷабҳаи Нусра ин созмонро дар мубориза бар зидди тундравҳои Давлати Исломӣ қавитар мекунад. Тундравҳои Давлати Исломӣ то ҳол бахше аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Дар ҷангҳои зидди якдигар талошҳо барои тасарруфи шаҳри Ҳалаб дар шимоли Сурия барои ин ду гурӯҳ муҳим аст ва акнун бо пайвастани муҳоҷирон ба Ҷабҳаи Нусра мумкин аст мувозина ба вуҷуд ояд.

Ҷабҳаи Нусра, ки ба Усома Бен Лоден ва раҳбари кунунии Ал-Қоида вафодор мондааст, як ҷо бо Давлати Исломӣ бар зидди артиши Сурия меҷангиданд. Вале баъд аз нифоқи соли 2013 ин ду гурӯҳ бар зидди якдигар бархостаанд.

Ҷабҳаи Нусра мегӯяд, ки 30 дарсади нируҳояш хориҷиён аз Аврупову Осиё, Русия ва чеченҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG