Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти шаҳрвандони тоҷик аз Сурия


Мақомоти интизомии тоҷик мегӯянд, раванди бозгашти ҷавонони тоҷик аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ афзоиш ёфтааст. Тавре як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба сад тан аз шаҳрвандони тоҷик аз Сурия ва марзҳои Туркия бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд ва даҳҳо нафари дигар барои бозгашт ба ватан бо наздикон ва мақомот тамос гирифтаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳар як бозгашта пушаймонанд ва мисле, ки аз хоб бедор шудаанд ва ҳайронанд, ки чаро ба ин гурӯҳи терористӣ пайвастаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти тоҷик хабари РИА “Новости” ва дигар расонаҳои русиро дар мавриди ширкати 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро бепоя медонанд. Рӯзи гузашта расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ хабар доданд, ки иштироки беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ тасдиқ шудааст. Аммо як манбаи дигар аз мақомот мегӯяд, ин иттилоъ асос надорад, баръакс аз 500 нафаре, ки дар ин ҷангҳо ширкат доштанд, наздик ба 200 тани онҳо кушта ва ҳоло на бештар аз 300 нафари дигар он ҷо ҳузур дорад.

Қаблан, мақомоти тоҷик аз бозгашти 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ дар як гузориши телевизионӣ хабар дода буданд. То ин дам шумораи ширкатдорон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 500 нафар ва теъдоди кушташудаҳо наздик ба 150 нафар гуфта мешуд.

XS
SM
MD
LG