Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав бузургтарин масҷид дар Аврупо боз шуд


Масҷиди нави ҷомеъ дар Маскав
Масҷиди нави ҷомеъ дар Маскав

23 сентябр баъд аз таъмири даҳсола Масҷиди ҷомеи Маскав ба истифода дода шуд. Дар маросими гушоиши он ба ҷуз аз раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамчунин Нурсултон Назарбоев, Реҷеп Тайип Эрдуғон-раисони ҷумҳури Қазоқистону Туркия ва Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ва намояндагони кишварҳои мусулмоннишин ширкат доштанд. Ҷон Тефт-сафири Амрико дар Русия низ дар ин маросим ҳузур дошт.

Маскав ин маросимро мехоҳад чун рӯйдоди таърихӣ нишон диҳад ва бигӯяд, ки дар ин кишвар ҳамзистии мазҳабҳо зинда мешавад. Ин Масҷиди ҷомеъ бузургтарин масҷид дар Аврупо дониста мешавад ва дар остонаи Иди Қурбон боз шуд.

Масоҳати он 20 баробар васеътар шуда, ба 19 ҳазор метри муккааб расидааст. Дар он дар як вақт то 10 ҳазор намозгузор метавонанд намоз хонанд. Манораҳои он ба 78 метр мерасанд ва он гумбази48 метрӣ дорад.

Барои таъмири масҷид 170 миллион доллар сарф шудааст, ки аксари онро пулҳои хайрия ташкил медиҳанд. Қисмати аслии онро соҳибкор Сулаймон Каримов пардохт кардааст. Туркия ва Маҳмуд Аббос низ кӯмаки молӣ кардаанд.

Ислом дуввумин дини бузург дар Русия ба шумор меравад ва тақрибан 23 миллион нафар дар ин кишвар аз ислом пайравӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG