Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асбоби ҷарроҳиро дар шиками бемор фаромӯш кардаанд


Бектур Токмагамбетов-сокини 73 солаи шаҳри Шахтински вилояти Қарағандаи Қазоқистон мехоҳад аз пизишкони ҷарроҳ 11 ҳазор доллар ҷарима ситонад. 12 сол пеш пизишкон баъд аз ҷарроҳӣ асбоби 20 сантиметрии ҷарроҳиро дар дохили шиками вай фаромӯш кардаанд.

Вай гуфтааст, ки бар зидди ҷарроҳон ба додгоҳ шикоят бурдааст ва мехоҳад 3 700 доллари ҷаримаро чун ҷуброни масорифи молӣ ва пули боқимондаро чун ҷуброни азияти ҷисмонӣ ва зарари маънавӣ аз ҷарроҳон бигирад.

Вай ин кори ҷарроҳонро ҷиноят мешуморад ва мегӯяд, ки бояд онҳо барои чунин ҷиноят ба муҷозот кашонда шаванд. Дар раёсати тандурустии шаҳри Шахтинск гуфтаанд, ки намедонанд, киро ба муҷозот кашонанд, зеро аз ин кор 12 сол гузаштааст. Вале дар бойгониҳо асноди зарурӣ вуҷуд дорад.

Ин марди 73 сола гуфтааст, ки тамоми ин солҳо аз дарди номаълум азият мекашид ва маҷбур шуд дубора ба як бемористони хусусӣ муроҷиат кунад. Ин асбобро аз шиками вай гирифтаанд ва ҳоло расидагӣ ба ин қазия оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG