Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар бозбинии парвандаи Гулмуродзода


Додгоҳи шаҳри Душанбе бозбинии парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзодаро то 30-юми сентябри соли ҷорӣ ба таъхир гузошт.

Дар назар буд, парвандаи Аминҷон Гулмуродзода, имрӯз 23-юми сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе бозбинӣ мешуд, аммо додраси парванда бо сабабҳои номаълум мурофиаи касатсиониро то як ҳафтаи дигар ба тавқиф гузошт. Танҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки то як ҳафтаи дигар вакили дифоъи нави Гулмуродзода бояд ба парванда шинос шавад.

Аминҷон Гулмуродзодаро 18-уми август додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард. Дар аризаи шикоятии худ Аминҷон Гулмуродзода аз додгоҳи Душанбе хостааст, ҳукми содиркардаи додраси додгоҳи Сомониро бо сабаби “ғайримунсифона” будан, бозбинӣ кунанд. Барои ҳамрайъии рӯзноманигор дар назди бинои додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми сентябр ҳудуди 20 рӯзноманигор ҷамъ омада буданд.

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳар сол 11 март таҷлил мегардад. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.

XS
SM
MD
LG