Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯши Қирғизистон зилзила рух дод


Дар ҷануби Қирғизистон-кишвари ҳамсоя зилзила рух додааст. Шиддати зилзила дар маркази он 5 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Бино ба маълумоти ин сарчашма, зилзила дар 25 километрии ҷануби ғарби шаҳри Тош Кумири вилояти Ӯш рух додааст.

Дафтари матбуотии вазорат гуфтааст, ки дар маҳаллоти зисти атроф шиддати зилзила 3,5 дараҷа будааст ва харобиву талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Як моҳи пеш зилзилашиносони Қирғизистон пешгӯӣ карда буданд, ки дар қаламрави ин кишвар зуд-зуд зилзила рух медиҳад. Пештар аз ин дар Қирғизистон зилзилае ба шиддати 4,7 дараҷа рух дода буд.

XS
SM
MD
LG