Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума қонуни иштирокчиёни ҷангро баррасӣ мекунад


23 сентябр Думаи Давлатии Русия пешнависи қонун дар бораи додани мақоми иштирокчии ҷангро баррасӣ мекунад. Дар ин қонун додани иштирокчии ҷанг ба сарбозону афсарони русро, ки дар ҷангҳои солҳои 1992-1997 ширкат карда буданд, пешбинӣ шудааст.

Ташаббускорони ин пешнависи қонун Сергей Наришкин-раиси Думаи Давлатӣ ва як гурӯҳи намояндагони он мебошанд. Онҳо гуфтаанд, ки адолати иҷтимоӣ барои ононе, ки дар иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон саҳм доштанд, барқарор мешавад.

Сармоягузорӣ ба ин кор аз ҳисоби будҷаи федеролии Русия таъмин хоҳад шуд. Дар сурати тасвиби ин пешниҳод қонун дар бораи иштирокчиёни ҷанги Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016 эътибор пайдо мекунад ва ба ҳамаи ононе, ки дар амалиёти ҷангии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон ширкат доштаанд, ҳуҷҷати иштирокчӣ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG