Пайвандҳои дастрасӣ

Як раҳбари гурӯҳи Давлати Исломӣ кушта шуд


Духтарони рабудашудаи язидӣ

Духтарони рабудашудаи язидӣ

Нируҳои эътилофӣ яке аз раҳбарони аршади тундравҳои Давлати Исломиро дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ ба қатл расондаанд. Дар ин бора вазорати дифои Амрико хабар дод.

Абубакр Туркманӣ 10 сентябр дар ин ҳамлаи ҳавоӣ дар Тал Афар дар шимоли Ироқ кушта шудааст. Вайро фароҳамкунандаи “ғуломони ҷинсӣ” ном мебаранд, зеро машғули рабудани занони язидӣ будааст.

Петер Кук-сухангӯи дафтари матбуотии вазорати дифои Амрико аз Тукманӣ “амири идорӣ” ва “дӯсти наздик”-и раҳбарони тундравҳои Давлати Исломӣ ном бурд. Кук гуфт, Туркманӣ пеш аз пайвастан ба Давлати Исломӣ дар Ироқ узви Ал Қоида будааст.

Язидиҳо ақалиятҳои мазҳабие мебошанд, ки араб ва мусулмон нестанд ва мазҳаби вижаи худро доранд ва дар шимоли Ироқ дар Синҷар зиндагӣ мекунанд. Тундравҳо онҳоро кофир мехонанд.

Соли 2014 тундравҳо ба куштори онҳо шурӯъ карданд. Даҳҳо ҳазор нафар фирор карданд. Ҳазорон нафар занону духтарони язидиро боздошт карданд ва онҳоро чун ғанимати ҷангӣ ва ғулом барои баровардани эҳтиёҷоти шаҳвонӣ истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG