Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо барномаи тақсими муҳоҷиронро қабул кард


Вазирони дохилаи кишварҳои Аврупо дар Белгия

Вазирони дохилаи кишварҳои Аврупо дар Белгия

Вазирони корҳои дохилаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барномаи тақсими муҳоҷирон ва паноҳҷӯён дар кишварҳои узви ин иттиҳодияро барои ду соли оянда ба тасвиб расонданд.

Вале барои баъзе норизоятиҳо дар миёни ин кишварҳо роҷеъ ба ин масъала барномаро ба райдиҳӣ гузоштанд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористону Руминия ва Словакия аз ин барнома ҷонибдорӣ накарданд. Финландия аз райдиҳӣ худдорӣ кард.

Роберт Фико-нахуствазири Словакия баъд аз райдиҳӣ гуфт, то замоне ки вай дар мақоми нахуствазирист, ин барномаро қабул нахоҳад кард. Милан Хованетс-вазири корҳои дохилаи Чех гуфт, “ба зудӣ мо дарк хоҳем кард, ки император луч мондааст”.

Баъд аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон бори аввал Аврупо ба сарозер шудани шумораи зиёди муҳоҷирону паноҳҷӯён рӯ ба рӯ шудааст. То ҳол бештар аз 500 ҳазор муҳоҷир ба қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ворид шудаанд. Онҳо аз манотиқи ҷанг аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон фирор мекунанд.

XS
SM
MD
LG