Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи корбарони шабакаи иҷтимоии Instagram ба бештар аз 400 миллион нафар расидааст. Дар ин бора дар сафҳаи расмии ин шабака хабаре нашр шудааст.

Дар ин хабар омадааст, ки ҳар рӯз дар ин шабака бештар аз 80 миллион акс чоп мешавад ва бештар аз 3,5 триллион “лайк” ё “писанд” гузошта мешавад.

Аз чаҳор як ҳиссаи корбарон дар қаламрави Амрико қарор доранд. Корбарони нав бештар дар Бразилияву Ҷопон ва Индонезия будаанд. Дар рӯзҳои наздик дар Instagram огаҳиҳо ё рекламаҳои 30 сониягӣ пайдо хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG