Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадалии Ҳайит иттиҳомоташро рад кардааст


Муҳаммадалии Ҳайит

Муҳаммадалии Ҳайит

Як нафар аз боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти ахири сохторҳои қудратӣ алайҳи Муҳаммадалии Ҳайт, муовини раҳбари ҲНИТ шоҳидӣ додааст.

Ҷамшед Ёров, вакили мудофеи Муҳаммадалии Ҳайт, рӯзи чоршанбеи 23 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “рӯзи гузаштаи 22 сентябр дар боздоштгоҳи муваққати КДАМТ бо ҳузури муфаттиши Додситонии кулли Тоҷикистон, яке аз боздоштшудаҳои амалиёти ахири сохторҳои қудратӣ дар дараи Ромит бо Муҳаммадалии Ҳайит рӯ ба рӯ карда шуда ва алайҳи муовини раҳбари ҲНИТ ва дигар шариконаш шоҳидӣ дод.”

Ба гуфтаи Ёров, “зимни шоҳидӣ ин фард гуфт, ки Муҳаммадалии Ҳайитро дар канори Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аз фаъолони ҲНИТ ба таърихи 6 марти соли ҷорӣ дар манзили зисти Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим дидааст ва онҳо гуфтаанд, ки дигар ин хел намешавад ва интихобот ҳам бидуни пирӯзии ҳизби наҳзат гузашт ва бояд мо кореро анҷом диҳем. Яъне шӯрише алайҳи ҳукумат бардорем ва аз ин гапҳо”. Аммо ҷаноби Ёров гуфт, ки зерҳимояаш Муҳаммадалии Ҳайит баёноти шоҳидро тӯҳмат дар нисбати худаш, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ҲНИТ хонда ва гуфтааст, ки далеле, ки шоҳид овардааст, ба ҳақиқат рост намеояд ва мантиқӣ ҳам нест. Зеро ба таъкиди ҷаноби Ёров, “Муҳаммадалии Ҳайит ба фарди шоҳид гуфтанд, ки чун шумо мегӯед, ин ҳодиса таърихи 6 март сурат гирифтааст, ҳол он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ рӯзи 3 март сафари хориҷа дошт ва мо гуселаш кардем. Барои ҳамин ин як тӯҳмат нисбати мо фаъолони ҳизби наҳзат аст”.

Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳайит, ба хотири халал нарасонидан ба раванди тафтишот аз зикри номи шоҳид худдорӣ кард, аммо гуфт, ки ҳоло танҳо як нафар шоҳид дар нисбати зерҳимояаш шоҳидӣ додааст. Ҳамзамон, ҷаноби Ёров гуфт, ки то кунун нисбати зерҳимояаш мақомоти тафтишот иттиҳоми хосеро эълон накардаанд ва интизор меравад рӯзи ҷумъа ва ё шанбе ин иттиҳом ироа шавад. Аммо ба гуфтаи ин вакили дифоъ дар ҳоли ҳозир иттиҳом алайҳи зерҳимояаш ва дигар афроди боздоштшудаи ҲНИТ ҳамон иттиҳомотест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кардааст.

Зимнан, Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва 13 тан аз раҳбарони ин ҳизбро айбдор кард, ки дар ошӯби ахири гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ-Ҳалим, даст доранд. Аммо раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит даст доштани аъзоёни ин ҳизб дар ин ҳодисаро радд карданд. Ба дунбол, мақомоти амниятии Тоҷикистон 13 нафар аз афроди баландпояи ин ҳизбро дар як рӯз боздошт карданд, ки ба гуфтаи додситонӣ, ба даст доштан дар “амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода” гумонбар мешаванд.

Аз рӯзи 16 сентябр ба ин тараф Саидумар Ҳусайнӣ, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Муҳаммадалии Ҳайит, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов ва Воҳидхон Қосидинов дар боздошт қарор доранд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз алайҳи афроди боздоштшудаи ҲНИТ иттиҳоми хосе аз ҷониби мақомоти тафтишот эълон нашудааст, созмонҳои ҳуқуқи башар аз боздошти фаъолони ҲНИТ ибрози нигаронӣ карданд. Дидбонии ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, рӯзи ҷумъаи 18-уми сентябр дар якҷоягӣ бо Иттиҳодия оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки фаълони Ҳизби наҳзати исломиро бидуни таъхир раҳо намояд ва ё агар далоили рӯшан барои даст доштани онҳо дар нақзи қавонин дорад, онро эълон кунанд ва ҳамин тавр тамоси боздоштшудаҳоро бо вакилони мудофеъ ва хонаводаҳояшон таъмин намояд.

Дар гузориши Human Rights Watch гуфта мешавад, ки ин боздоштҳо намунаи барҷастаи ҳамла ба мухолифон дар Тоҷикистон мебошад. Ҳю Виллямсон, директори бахши Аврупо ва Осиёи Миёна дар ин созмон афзудааст, ки "мақомоти тоҷик вазифадоранд, ки ҳар чи зудтар алайҳи ин афрод иттиҳомоти муайян ва дақиқ эълон кунанд ё онҳоро раҳо намоянд." Дар гузориши Созмони ҳуқуқи башар аз қавли Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти тоҷик то ба ҳол наздик ба 50 узви ин ҳизб, ба шумули мақомоти аршади онро боздошт кардаанд. Бар пояи қонунҳои байналмилалӣ, боздоштшудаҳо бояд дар додгоҳ ҳозир карда шаванд, то сарнавишти онҳо муайян шавад. Ба гуфтаи Котиби генералии Кумитаи Ҳелсинкии Норвежӣ, “мақомоти тоҷик ба ин натиҷа расиданд, ки аз ҳодисаи ахир барои раҳо шудан аз мухолифон истифодаи лозимро бикунанд: "Аммо иддаои даст доштани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нооромиҳои ахир танҳо дар ҳолест, ки аз қабл низ ин ҳизб таҳдид ба бастан шуда буд. Набудани нишонаҳо ва далоили ҳақиқӣ, нишон медиҳад, ки ин боздоштҳо аломати маъракаи густурдаи ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ин ҳизби пурнуфуси мухолиф мебошад."

Дидбони ҳуқуқи башар, ҳамчунин, аз эҳтимоли ба шиканҷа рӯбарӯ шудани боздоштшудагон нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон тақозо шудааст, ки ба ҳукумати он кишвар фишор биёранд, то ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро намуда ва озодиҳои баён, эътиқод ва фаъолиятҳои сиёсиро эҳтиром намояд.

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ки 12 рӯз идома кард, дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пас аз анҷоми ин амалиёт, ки рӯзи 16 сентябр бо кушта шудани генерал Абдулҳалим Назарзода ва ҳамроҳонан анҷом ёфт, эълон кард, ки дар натиҷаи амалиёти 12-рӯзаи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ алайҳи ин гурӯҳ, 139 гумонбар боздошт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки нисбати 100 нафари онҳо парванди ҷиноӣ боз шудааст шудааст.

Дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ аз рӯзи аввали ҳодиса - 4 то 16 сентябр 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев кушта шудаанд. Шумори кушташудаҳо дар миёни мусаллаҳон 27 нафар гуфта мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG