Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозбинии парвандаи Аминҷон Гулмуродзода


Имрӯз, чоршанбеи 23 сентябр, бозбинии парвандаи ҷиноии Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мурофиаи бозбинии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Аминҷон Гулмуродзода соати 10 –и рӯзи 23 сентябр дар додгоҳи шаҳри Душанбе доир мешавад”. Ҷаноби Атовулло афзуд, ки “Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон аз ҳамаи журналистон даъват ба амал меоранд, то дар ин мурофиа ширкат кунанд ва аз ҳамкасби худ ҳимоят намоянд. Зимнан, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рӯзи 18 август Аминҷон Гулмуродзодаро бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сохтакории ҳуҷҷатҳо бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар" гунаҳкор ва барои ду сол равони зиндони низомаш умумӣ кард. Аминҷон Гулмуродзода фарзанди Пайванди Гулмурод, номзади илми филологӣ ва бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳар сол 11 март таҷлил мегардад. Пайванди Гулмуродзода моҳи апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб вафот кард.

XS
SM
MD
LG