Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви маҳдудияти сафари амрикоиҳо ба манотиқи Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе бо нашри як паём, шаҳрвандони он кишвар дар Тоҷикистонро аз вазъи амниятӣ итминон дода ва гуфтааст, ки онҳо метавонанд ба ҳама манотиқи ин кишвар бидуни маҳдудият сафар намоянд. Дар паёми сафорати Амрико, ки рӯзи 21-уми сентябр дар сайти расмии он нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қисмати асосии амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи аъзои гурӯҳи генерал Абдулҳалим Назарзода ба анҷом расидааст ва ё дар ҳоли анҷомёбист.

Ин аст, ки дар пайи эълони анҷоми ин амалиёт, сафорати Амрико дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва сафари мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида ба манотиқи мухталифи Тоҷикистонро лағв кардааст. Сафорат мегӯяд, бо вуҷуди лағви ин маҳдудиятҳо, кормандони ҳукумати Амрико наметавонанд дар сайру саёҳати охири ҳафта ба куҳнавардӣ берун аз Душанбе ва дигар манотиқи шаҳрӣ, машғул шаванд.

Дар пасманзари ҳодисаи ҳамла ба маъмурони пулис дар Ваҳдат ва Душанбе, сафорати Амрико дари худро баст. Дар баробари баста шудани дари сафорати Амрико дар таърихи 5 сентябр, Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон худи ҳамон рӯз низ дар саҳифаи Фейсбуки худ аз шаҳрвандони Амрико хост, ки аз сафар ба берун аз пойтахт худдорӣ карда, аз ҳузур ёфтан дар миёни мардуми зиёд парҳез намоянд. Ҳарчанд дари сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 8 сентябр боз шуда буд, аммо рӯзи 10 сентябр ба таври маъмулӣ ба фаъолият пардохт.

XS
SM
MD
LG