Пайвандҳои дастрасӣ

Р.Мэттсон: Тамринҳо ба амалиёти алайҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" рабте надоштанд


Генерал-майор Рик Мэттсон, намояндаи Фармондеҳии Марказии Артиши ИМА гуфт, баргузории тренингҳои муштараки “Ҳамкориҳои минтақавӣ-2015” дар Душанбе ба амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Ромит ҳеҷ рабте надорад.

Рик Мэттсон, намояндаи Фармондеҳии Марказии артиши Амрико рӯзи сешанбеи 22 сентябр дар ҷараёни тренингҳои “Ҳамкориҳои минтақавӣ – 2015” зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом аз чанд соли пеш ба ин сӯ миёни низомиёни амрикоӣ бо шариконашон доир мешавад ва баргузории он аз қабл барномарезӣ шудааст ва ба ин далел сурат гирифтани он дар шаҳри Душанбе ҳеҷ рабте ба амалиёти сохторҳои қудратии ин кишвар дар дараи Ромитро надорад.

Аммо генерал Мэттсон гуфт, дар ҳоле, ки ҳоло дар ҷаҳон мушкилоти зиёде дар заминаи таъмини суботу амният вуҷуд дорад, баргузории тренингҳои омӯзишӣ ба манфиати кор аст. Ба гуфтаи генерал Мэттсон, “ноамнӣ ва бесуботӣ дар бархе аз кишварҳо ба муҳоҷиру сарсон шудани ҳазорон нафар сабаб гардида ва дар ниҳоят ин вазъ омили бесуботӣ дар оянда мешавад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ноамниҳо дар бархе аз манотиқ, генерал Мэттсон омодагии нерӯҳои низомиро дар чорчӯби ҳайатҳои сулҳпарвар муҳим донист ва гуфт, ин амр дар сурати зарурат имкон медиҳад, то дар ҳолатҳои изтирорӣ омода бошанд.

Ҷаноби Мэттсон афзуд, “шумо медонед, ки амалиётҳои сулҳпарвар дар кишварҳои ҷаҳон зиёд мешавад, аз ин хотир мо дар тамринҳои худ аз кишварҳои сохта истифода мебарем. Дар ҷараёни тамрин ширкаткунандаҳо бояд бо назардошти ташаккули вазъият омодагӣ нишон бидиҳанд ва масъалаҳое, ки дар чаҳорчӯби омӯзиш гузошта шудаанд, ҳал кунанд. Албатта ин кори осон нест. Ҳадафи тамрин ҳам кӯмак ба кишвари тахаюлӣ набуда, балки бештар ба якҷоя кор кардани шарикҳо равона шудааст.”

Тренинги омӯзишии ҳамкориҳои минтақавӣ бо ширкати 187 низомии амрикоӣ ҳамроҳ бо низомиёни тоҷик ва шариконашон аз Покистону Муғулистон ба таърихи 16 сентябр дар меҳмонхонаи “Шератон” оғоз гардид. Ин аст, ки генерал Рик Мэттсон мегӯяд, таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин тренинг ба фаъолияти сулҳпарварии чаҳор кишвари ширкаткунанда дар ин омӯзишҳо равона гардидааст. Ба гуфтаи генерал Мэттсон, дар ин тренинг нерӯҳои низомӣ амалиёти марбут ба эътидол овардани вазъият дар чорчӯби баталони хушкигарди сулҳпарвари СММ дар ҳолатҳои бӯҳрониро коркард намуданд.

Дар ҳамин ҳол, Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки низ дар ин нишаст ҳузур дошт, ширкати Тоҷикистонро дар чунин тамринҳо барои ин кишвар муҳим арзёбӣ кард. Хонум Эллиот гуфт, ”ҳузури Тоҷикистон дар ин гуна машқҳои таълимӣ аз он лиҳоз муфид аст, ки низомиёни кишвар метавонанд оид ба ширкат дар амалиётҳои сулҳпарвар таҷриба бигиранд. Дар он сурат худи онҳо низ метавонанд дар ин гуна амалиётҳо бевосита ширкат дошта бошанд, ки ин барои субот ва бехатарӣ дар тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард. Зеро мо ҳама хуб медонем, ки имрӯз ҷаҳон дар рӯ ба рӯи таҳдидҳо, аз ҷумла терроризм ва қочоқи маводи мухаддиру силоҳ қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз ба андешаи ман зарур аст, ки ҳамаи мо дар муқобили ин таҳдидҳо муттаҳид бошем.”

Аз нигоҳи хонум Эллиотт, баргузории чунин тренингҳои муштарак на танҳо барои субот дар минтақа, балки барои таҳкими муносиботи дӯстона миёни ин кишварҳо нақши муҳим дорад. Зимнан хонум Эллиотт дар робита ба пайвастани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН

ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ ”, ки ду маротиба дар Амрико тамрин дидааст, гуфт, ӯ дар ҳайрат аст, ки чаро Ҳалимов чунин тасмим гирифтааст. Ҳарчанд ба таъкиди сафир, интихоби афсарони тоҷик барои тамринҳои низомӣ дар Амрико раванди хеле мураккаб буда, аз сӯи Конгресс амалӣ мешавад.

Ҳамзамон Сюзан Эллиотт зимни изҳори назар дар робита ба ҳаводиси ахири Тоҷикистон гуфт, “аз нигоҳи мо, ки дар ҳеҷ маврид ба ҳар амале набояд бо хушунат ҷавоб дод.”

Зимнан, рӯзи 15 сентябри ҷорӣ ҳудуди 200 низомии амрикоӣ ба манзури ширкат дар давраҳои омӯзишии минтақавӣ, вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуда буданд. Дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳудудан 200 низомии амрикоӣ ба хотири ширкат дар тренинги ситодии солона дар чорчӯби ҳамкориҳои минтақавии ИМА ва шариконаш дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, “низомиёни амрикоӣ аз Фармондеҳии Марказии Артиши ИМА ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони худ дар тренинги ситодии минтақавӣ иштирок мекунанд ва маҳорату тавонмандии низомии худро сайқал медиҳанд".

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон низ гуфт, ки бо баргузории ин дарсҳои омӯзишӣ ҳамоҳангӣ ва ҳамкории низомиёни кишварҳои ИМА ва Тоҷикистон ва шариконашон густариш хоҳад ёфт. Масъулони вазорати дифоъ ҳам мегӯянд, давраҳои омӯзишии минтақавӣ тактикӣ набуда, бештар назариявӣ мебошанд ва низомиён аз рӯи нақша ё харитаи аз пеш тарҳрезишуда амал хоҳанд кард.

Трениги минтақавӣ бо ширкати низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба хотири безарар гардонидани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ҷараён гирифт.

Зимнан, машқҳои минтақавӣ аз соли 2001, солона як маротиба дар кишварҳои ширкаткунандаи он баргузор мешавад. Соли гузашта ин машқҳо дар аёлати Массечусеси ИМА доир шуданд, ки иддае аз низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG